Иқтисод меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ
-
Иқтисод меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ
Вазири хориҷаи Узбакистон бо раиси анҷумани бозаргонии Кореяи Ҷанубӣ-Узбакистон дидор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бахтиёр Саидов вазири корҳои хориҷаи Узбакистон ва Ким Ёнк Гу мудири ширкати " Shindong Resources" ва раиси анҷумани бозаргонии Кореи Ҷанубӣ-Узбакистон дар дидор дар шаҳри Сеул густариши беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии байни ду кишварро барраси карданд.
Вазири корҳои хориҷаи Узбакистон дар коноли телеграмии худ изҳор дошт: Мо ҳамеша аз дидор бо Ким Ёнг Гу мудири ширкати " Shindong Resources" ва раиси анҷумани бозаргонии Кореяи Ҷанубӣ-Узбакистон хушҳол ҳастем.
Саидов таъкид кард: Анҷума дар густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар як қолаби муҳим ва калиди маҳсуб мешавад.
Гуфтани аст ширкати " Shindong Resources" ва аъзои анҷумани бозаргонӣ Кореяи Ҷанубӣ-Узбакистон дар манотиқи Узбакистон чандин тарҳи иқтисодиро иҷро мекунанд.
Арзиши мубодилоти бозаргонии байни Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2022 як миллиарду 800 миллион доллар буд.