Бештар шудани тадбирҳои амниятӣ дар остонаи соли нав дар Узбакистон
Муовини вазири корҳои дохилаи Узбакистон аз бештар шудани тадбирҳои амниятӣ ба муносибати фаро расидани соли нави мелодӣ дар саросари ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Саидкарим Нишонов аз ташдиди тадбирҳои амниятӣ бо ҳадафи ҳифзи оромиш ва амният дар рӯзҳои ҷашни соли нави мелодӣ дар Узбакистон хабар дод ва таъкид кард: Маҳаллаҳои баргузории ҷашнҳо дар маркази таваҷҷуҳи кормандони вазорати дохила қарор дорад ва барои пешгирӣ аз сар задани мавридҳои номатлуби амниятӣ тадбирҳои вижае андешида шудааст.
Ба гуфтаи Нишонов, ба ин манзур ниҳодҳои маҳаллӣ ва намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ бо неруҳои амниятӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Бар асоси гузориши вазорати умури фарҳанг ва варзиши Узбакистон маросими ҷашни соли нав дар шаҳри Тошканд аз 28 декабр то 8 январ баргузор хоҳад шуд.
Рӯзи аввали соли нав дар тақвими Узбакистон рӯзи таътил аст.