Сентябр 16, 2023 19:27 Asia/Dushanbe
  • Азми Қазоқистон бар афзоиши тавлиди паҳподҳои низомӣ

Муовини вазири дифои Қазоқистон аз азми ин кишвар ҷиҳати густариши тавлиди паҳподҳои низомӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Султон Камолиддинов, муовини вазири дифои Қазоқистон дар ҳошияи маҷлиси Сенат гуфт, акнӯн кор бо ширкатҳои Туркия барои эҷоди як сармоягузории муштарак барои тавлиди паҳподҳои низомӣ дар Қазоқистон дар ҳоли анҷом аст. Вай гуфт, таҷзия ва таҳлили даргириҳои мусаллаҳонаи ахир аҳамияти истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро нишон медиҳад.

Камолиддинов идома дод, мо ин мавзӯро дарк мекунему иқдомоти муносибро анҷом медиҳем. Дар ҳоли ҳозир ҳам дар ҳоли тавсеаи тавлиди паҳпод ҳастем. Имрӯз паҳподҳои сохти кишварҳои мухталиф, аз ҷумла паҳподҳои Туркия дар Қазоқистон тавлид мешавад.

Вай идома дод, кор барои эҷоди сармоягузории муштарак бо ширкатҳои Туркия дар ҳоли анҷом аст ва дар ин замина созмони давлатии марбӯта тавзеҳи бештаре хоҳанд дод.