Сентябр 21, 2023 10:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Узбекистон бар узвият дар Созмони тиҷории ҷаҳонӣ
    Таъкиди Узбекистон бар узвият дар Созмони тиҷории ҷаҳонӣ

Раисиҷумҳури Узбекистон узвияти комил дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро яке аз авлавиятҳои ин кишвар донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, « Шавкат Мирзиёев» раисиҷумҳурр Узбекистон дар маҷмаъм умумии Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, бо вуҷҷӯди чолишҳои ҷаҳонӣ, иқтисоди ин кишвар ба далели ислоҳот мудовим,нархи рушди пойдориро тай кардааст.

Мирзоев тасреҳ кард, дар шаш соли гузашта, ҳаҷми тавлиди  нохолиси дохилии ин кишвар, беш аз яку ним баробар афзоиш ёфтааст.

Раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, ба лутфи сиёсатҳое, ки барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум анҷом шудааст, аз соли 2017 сатҳи фақр дар ин кишвар ба нисф коҳиш ёфтааст. То соли 2030 қасд дорем онро ба ҳафт дарсад коҳиш диҳем.

Мирзиёев изҳор кард, дар назар дорем  бо барномарези, илова бар афзоиши чанд баробарии манобеъи оби ошомиданӣ , пушиши хадамоти беҳдоштӣ, омӯзишӣ ва соири хадамоти иҷтимоъиро ҳам густариш диҳем.

Расиҷумҳури Узбекистон зимни ҳимоят аз ибтикори Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар эҷоди шитоб диҳандаи ҷаҳонӣ дар заминаи машоғил ва ҳифозати  иҷтимоъӣ, пешниҳод кард, соли оянда Конфронси ҷаҳонии «Ҳифозати иҷтимоъӣ: Масире ба сӯйи рушд» таҳти назоарти Созмони Миллал дар ин кишвар баргузор шавад.

Бештар бихонед: