Феврал 15, 2023 22:04 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди кумаку ҳимояти фаннии СҶТ ба Тоҷикистон
    Пешниҳоди кумаку ҳимояти фаннии СҶТ ба Тоҷикистон

Дар ҷараёни нишасти тиҷории намояндагони давлати Тоҷикистон ва мақомоти Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар шаҳри Женева, мақари ин созмони ҷаҳонӣ, мавзӯоти ҳифозат аз моликияти зеҳнӣ дар низоми Тоҷикистон ва дастовардҳои он ироа шуд.

Ба гузориши “Ховар”, дар ин нишаст афзоиши зарфияти сохторҳои давлатӣ, кумаку ҳимояти фаннӣ ба Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Раёсати ҳайати Тоҷикистонро Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорат бар ӯҳда дошт.

Дар поёни ин дидор ҳайати расмии Тоҷикистон омодагии худро барои густариши бештари ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва иҷрои тарҳҳои мазкур эълом дошт.

 

Барчасп