Маҳрум шудани миллионҳо донишомӯзи духтари афғон аз таҳсил
Дар Афғонистон ҳукӯмати Толибон миллионҳо донишомӯзи духтарро аз таҳсил маҳрӯм кардааст.
Ин ҳафта дуюмин солгарди баста шудани мадориси мутавасситаи духтарона тавассути Толибон дар Афғонистон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, миллионҳо донишомӯзи духтар дар Афғонистон ба далели иқдомоти Толибон аз таҳсил бозмондаанд.
Аз он замон духтарони афғон бо чолишҳову маҳдудиятҳои физояндае мувоҷеҳ шудаанд.
Ин иқдоми саркубгарона боиси эҷоди як буҳрони омӯзишӣ дар ин кишвар шудааст. Бархе аз донишомӯзони духтар, ки дар хона бепаноҳ мондаанд, мегӯянд ки ҳукми мамнӯъияти таҳсил пешрафти онҳоро мутаваққиф кардааст.
Бар асоси гузориши Созмони Миллал, беш аз як миллион духтар таҳти таъсири мамнӯъияти таҳсил аз тарафи Толибон қарор доранд.
Ду сол пеш Толибон донишомӯзони духтарро аз ҳузур дар мадорис мамнӯъ кард. Аз он замон духтарони афғон аз ҷомеъаи байналмилалӣ хостаанд, ки дар ин вазъияти душвори кунӯнӣ аз онҳо ҳимоят кунанд.