Покистон: Паноҳҷуёни ғайриқонунии Афғонистонро ихроҷ мекунем
(last modified Wed, 27 Sep 2023 04:07:11 GMT )
Сентябр 27, 2023 09:07 Asia/Dushanbe
  • Покистон: Паноҳҷуёни ғайриқонунии Афғонистонро ихроҷ мекунем

Давлати Исломобод мутааҳҳид аст то паноҳҷуёни ғайриқонунии умдатан афғонро аз ин кишвар ихроҷ кунад.

Дар моҳҳои ахир мавзӯи боздошт, зиндонӣ ва ё ихроҷи паноҳҷуёни афғон дар Покистон ва бадрафторӣ бо онҳо ба чолише дар равобити ду кишвар табдил шудааст.

Беш аз чаҳордаҳа ҷангу ишғолгарӣ дар Афғонистон, мӯҷиби муҳоҷирати миллионҳо шаҳрванди афғонистонӣ шудааст.

Ба далели иштирокоти фарҳангӣ ва ҳамҷаворӣ, беш аз ниме аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар Покистону Эрон зиндагӣ мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳорис Навоз, вазири умури дохилии Иёлати Синди Покистон рӯзи сешанбе эълом кард, давлати Исломобод ба ихроҷи тамоми паноҳҷӯёне, ки ғайриқонунӣ вориди Покистон шудаанд, ҳамчунон мутааҳҳидаст. Вай афзуд паноҳҷуёни ғайриқонӯнӣ, ки вориди Покистон шудаанд, дар ҷароими ҷиноӣ дар маркази шаҳри Карочӣ даст доранд.

Вай  гуфт, ин паноҳҷуён дар Карочӣ мушкилоти зиёди амниятӣ эҷод кардаанд.

Пеш аз ин низ мақомоти покистонӣ муддаӣ шуда буданд, ки террористҳо аз хоки Афғонистон вориди ин кишвар мешаванд, аммо ҳукӯмати Кобул борҳо ин иттиҳомотро рад кардааст. Афғонистон таъкид карда буд, мақомоти покистонӣ набояд Афғонистонро ба далели нокомиҳои амниятии худ муқассир бихонанд.