Азми Туркманистону Олмон бар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба
(last modified Wed, 04 Oct 2023 05:55:55 GMT )
Октябр 04, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Азми Туркманистону Олмон бар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба

Вазири хориҷаи Туркманистон бо комиссари вазорати хориҷаи Олмон дар умӯри кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мулоқот кард.

Рашид Мурдов, вазири умури хориҷаи Туркманистон бо Маттиас Лаутенберг, комиссари вазорати хориҷаи Олмон дар умӯри ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқозва Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ кард.

Тайи ин дидор, ки дар ҳошияи иҷлоси сарони «Осиёи Марказӣ+Олмон» баргузор шуд, ду тараф нисбат ба густариши бештари равобити фимобайн дар сатҳи давлатӣ, ибрози алоқа ва ба ҳамкории муассири худ дар бистарҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид ишора карданд.

Дар бахши дигаре аз ройзаниҳои вазоратхонаҳои умури хориҷа, тақвияти кори гуруҳи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин ташкили рӯзҳои иқтисодӣ ва маҷомеи тиҷорӣ ба унвони абзорҳои муҳимме барои ташдиди гуфтугӯ байни ду кишвар ёд шуд. Тақвияти мушорикат бо Кумитаи шарқи иқтисоди Олмон низ ба унвони як ҷанбаи муҳим аз густариши таомулот, дониста шуд.