Ҳушдори давлати Қирғизистон ба шаҳрвандонаш дар сарзаминҳои ишғолӣ
Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Қирғизистони пас аз амалиёти густардаи гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза алайҳи режими саҳюнистӣ ба шаҳрвандони қирғизии муқими сарзаминҳои ишғолӣ ба далели ташдиди даргириҳо ҳушдор дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз амалиёти густардаи гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза алайҳи режими саҳюнистӣ, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз шҳарвандони қирғизӣ дар сарзаминҳои ишғолии хост то тадобири амниятии лозимро барои ҳифзи ҷони худ иттихоз кунанд.
Вазорати хориҷаи Қирғизистон ба шаҳрвандони худ тавсия кард, ки ба далели ташдиди ин даргириҳо аз боздид аз маконҳои даргирии низомӣ дар манотиқи марзӣ худдорӣ кунанд.
Ин Вазоратхона ҳамчунин дар баёнияи худ эълом кард, ки ҳеҷ қирғизистоние дар миёни кӯшта шудагон ё маҷрӯҳони ин даргириҳои низомӣ вуҷӯд надорад.