Ирсоли 100 таннаи маҳмулаи кумакҳои башардустонаи Узбекистон ба Афғонистон
Узбекистон барои мардуми Афғонистон ки аз зилзила осеб диданд 100 танни маҳмулаи кумакҳои башари дустона ирсол кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кумакҳои ирсол шудаи тавассути Узбекистони шомили маводи ғизоӣ аз ҷумлаи орад, гандум, макаронӣ, фаровардаҳои гуштӣ, биринҷ, шакар, дору, чодар, пату тамоми васоили маврид ниёз аст.
Ин кумакҳои башардустона ба сарпарастии Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Узбекистон дар умури Афғонистон ирсол шуд.
Ҳайати Узбекистони мавриди истиқболи Шарафуддин Муслим, раиси камиссиюни имдодии зилзила, Аҳмади Муттақи муовини вай ва Абдусаттор Гурули муовини вазири ҳамлунақл ва ҳавонавардии давлати толибон қарор гирифт.
Абдусаттор Гурул изҳор дошт: Як камиссиюни давлатӣ барои аз байни бурдани пайомадҳои ин заминларза ҳамкори мекунад ҳамчунин дар навбаи аввал ба беморон ва касоне ки хонаҳояшон вайрон шудаи кумак расонӣ мешавад.
Вай гуфт: То имруз кумакҳои башардӯстона аз Иморот дарёфт шуда ва қарораст кумакҳои аз Туркия низ бирасад.
Ин кумакҳои башардӯстона бо ҳавопаймои борбарии бузург боинги 747 ирсол шуд.