Октябр 16, 2023 18:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории дуҷониба; меҳвари ройзании Қазоқистону Бонки Ҷаҳонӣ

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон дар дидор бо хазонадор ва мудири умури молии бознишастагии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди ҳамкории дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Алибек Куантиров,  вазири иқтисоди миллии Қазоқистон дар дидор бо Хорхе Фамилиар, хазонадор ва мудири умӯри молии бознишастагии Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, Қазоқистон омодааст ҳамкориҳои дуҷонибаи сӯдманд бо Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар заминаҳое монанди иқтисоди сабзро густариш диҳад.

Вай ҳамчунин ба аҳамияти кумакҳои фаннӣ ва коршиносӣ аз сӯи гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ ишора кард ва тарафайн дар мавриди таъмини молии пружеҳо бо пӯли миллии «танга», ройзанӣ карданд.

Вазири иқтисоди Қазоқистон ҳамчунин бо Индермит Гилл, иқтисоддони аршаду муовини аршади тавсеаи иқтисодии Бонки Ҷаҳонӣ низ дидор дошт ва мавзуоти муртабит бо сиёсатҳои молӣ, молиёт, ҳавзаи иҷтимоӣ ва тарофаҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

 

Барчасп