Барномаи тақвияти марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон тавассути Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ
(last modified Wed, 25 Oct 2023 08:40:37 GMT )
Октябр 25, 2023 13:40 Asia/Dushanbe
  • Барномаи тақвияти марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон тавассути Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ( СПАД) дар назар дорад, барномаи тақвияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кунад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Валерий Семериков, муовини дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, ки намояндагони кишварҳои узв дар ояндаи наздик ин тарҳро иҷро хоҳанд кард.

Вай гуфт, "Чанд сол боз мо як барномаи мақсадноки хеле муҳим ва мураккаби таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳия карда истодаем. Фикр мекунам, ки ин барнома самара ва нафъи калон хоҳад дошт".

Муовини дабири кулли СПАД, ин матлабро дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангии руасои созмонҳои зисалоҳ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар Минск дар ҳоли баргузарист, эълом кард.

Семериков ёдовар шуд, ки бештари маводи мухаддир дар масири ба истилоҳ шимолӣ аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои узв мунтақил мешавад.

Ба гуфтаи Семериков, кишварҳои СПАД ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар масири Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.