Октябр 26, 2023 13:35 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Эрону Қирғизистон
    Густариши ҳамкориҳои Эрону Қирғизистон

Тавофуқоти муҳиме барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Қирғизистон, аз ҷумла роҳандозии масири рейлӣ, кумак ба сохти полоишгоҳ, нерӯгоҳи барқӣ, хариду фурӯши мум ва ғаллот ва таъсиси марокизи тиҷорӣ анҷом шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Муҳаммади Мухбир дар нахустин дидори худ дар сафар ба Қирғизистон барои ҳузур дар нишасти нахуствазирони кишварҳои узви паймони Шанхай, бо Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири ин кишвар гуфтугӯ кард.

Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дар ин дидор зимни изҳори таассуф аз авзои Ғазза ва ҷиноёти ҳавлноки режими саҳюнистӣ, аз масъулони Қирғизистон хост то ҳамроҳ бо кишварҳои озодаву инсондӯсти ҷаҳон, ҳамаи талоши худро барои таваққуфи бомбаборони мардуми мазлуми Ғазза ва бозкушоии масири кумакҳои башардӯстона анҷом диҳанд.

Тавофуқоти муҳиме дар идомаи ин дидор, ки вузарои нафту роҳу шаҳрсозӣ ва бархе руасои дастгоҳҳои марбутаи Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар он ҳузур доштанд, барои густариши ҳамкориҳо анҷом шуд.

Нахуствазири Қирғизистон дар ин дидор зимни эъломи шигифтии худ аз хадамоти фанниву муҳандисии Эрон, дархост кард дар зудтарин замон заминаи лозим барои сохти нерӯгоҳи барқ дар ин кишвар фароҳам шавад.

Гуфтанӣ аст, бистудуюмин нишасти нахуствазирони кишварҳои узви паймони Шанхай панҷшанбе дар Бишкек - пойтахти Қирғизистон оғоз шуд.

 

Барчасп