Афзоиши шумори талафоти таркиши маъдан дар Қазоқистон
(last modified Sun, 29 Oct 2023 05:18:58 GMT )
Октябр 29, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори талафоти таркиши маъдан дар Қазоқистон

Шумори ҷонбохтагони ҳодисаи таркиши маъдан(кон) дар Қазоқистон ба 21 нафар афзоиш ёфт.

Омори талафот таркиш дар маъдани Костенко (вилояти Қарағандаи Қазоқистон) пеш аз ин 16 нафар эълом шуда буд.

Ҳангоми ҳодиса 252 маъданчӣ дар ин маъдан буданд.

 Ба гузориши хабаргузории ИРНА, то кунун 208 нафар аз маъдан хориҷ шудаанд ва 23 маъданчӣ ҳамчунон зери овор гирифтор ҳастанд.

Қосимҷомарт Тақоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон зимни тасалият ба хонаводаҳои қурбониён ва эъломи ҳимояти давлат аз хонаводаҳои осебдида дар иқдоми фаврӣ дастури таълиқи ҳамкориҳои давлат бо коргузори ин маъданро содир кард.

Қазоқистон имрӯз (якшанбе /29 октябр)-ро азои умумӣ эълом кард.