Ноябр 02, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
  • Имзои 8 санади ҳамкорӣ миёни Фаронса ва Узбакистон

Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Фаронса ҳашт санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф имзо карданд.

Эмануэл Макрон,раиси ҷумҳури Фаронса дирӯз (чаҳоршанбе) барои сафари якрӯза ва дидор бо Қосимжомарт Тақоев-ҳамтои қазоқистонии худ вориди Остона шуд. Макрон баъд аз имзои чанд тавофуқнома бо Қазоқистон роҳии Узбакистон шуд.

 Фаронса яке аз муҳимтарин шарикони иқтисодии Узбакистон дар Аврупо аст.

 Дар ҳоли ҳозир 16 ширкат бо сармояи сармоягузорони Фаронса дар Узбакистон фаъолият мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раиси ҷумҳури Фаронса ва Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳури Узбакистон дар поёни гуфтугӯҳо дар шаҳри Самарқанд як баёнияи муштарак имзо карданд.

Дар ин баёнияи муштарак бар азми ду кишвар барои густариши равобити дуҷониба ба сатҳи роҳбурдӣ ва афзоиши ҳамкориҳо дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ таъкид шудааст.

 Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Фаронса ҳамчунин ҳашт санади ҳамкорӣ дар заминаҳои молӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва байналмиллалӣ имзо карданд.

 Дар чорчуби ин сафар эъломияҳои ҳамкорӣ байни Бунёди тавсеаи фарҳанг ва ҳунари Узбакистон ва ширкатҳои «Suez» ва «Bouygues» ба имзо расид.

 

Барчасп