ДИИШ масъули инфиҷор дар ғарби Кобул
(last modified Wed, 08 Nov 2023 05:30:48 GMT )
Ноябр 08, 2023 10:30 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъули инфиҷор дар ғарби Кобул

Гурӯҳаки террористии ДИИШ масъулияти инфиҷори сешанбешаб дар як дастгоҳи микроавтобуси шаҳрӣ дар ғарби шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Ин дувумин инфиҷор дар камтар аз ду ҳафтаи ахир дар минтақаи шианишини ғарби Кобул аст. Ахиран як бошгоҳи варзишӣ дар ин минтақа ҳадафи инфиҷор қарор гирифту ҳудӯди як моҳ қабл низ бар асари инфиҷори террористии ДИИШ дар масҷиди имоми Замон(а) дар шаҳри Пулихумрӣ, дар шимоли Афғонистон даҳҳо намозгузор кушта ё захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Шохаи хуросонии ДИИШ дар паёме эълом кард, ки инфиҷори шомгоҳи сешанбеи якдастгоҳи худрави бомбгузорӣ шуда дар минтақаи Дашти Барчӣ, дар ғарби Кобул кори аъзои ин гуруҳ будааст.

Тибқи охирин гузоришҳо бар асоси омори расмӣ, дар ин инфиҷор ҳафт нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд. Аммо манобеи маҳаллӣ гуфтаанд, бар асари ин инфиҷор ҳашт нафар кушта ва 38 нафари дигар захмӣ шуданд.

Image Caption

Ричард Беннетт, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар умӯри Афғонистон дар вокуниш ба ҳамалоти террористии ахир дар шаҳри Кобул бар таҳқиқоти комилу шаффоф барои шиносоии омилону посухгӯии онон таъкид кард.

Ҳамчунин Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури асбақи Афғонистон ҳам дар баёнияе бо маҳкӯм кардани ин инфиҷори террористӣ эълом кард, ин амал ҷинояти зиддибашарӣ ва дар тазод бо тамоми усӯлу арзишҳои инсонӣ ва исломӣ аст.