Вуруди " Владимири Путин " ба Қазоқистон
(last modified Thu, 09 Nov 2023 05:49:27 GMT )
Ноябр 09, 2023 10:49 Asia/Dushanbe
  • Вуруди
    Вуруди " Владимири Путин " ба Қазоқистон

Раиси Ҷумҳурии Русия барои гуфтугў бо ҳамтои қазоқистонӣ ва имзои тавофуқномаҳо вориди Остонаи пойтахти ин кишвар шуд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Тас ، " Владимир Путин " дар иқоматгоҳи Иёлатии Окурдои Остона бо " Қосим Жомарт Токаев " Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард ва пас аз музокирот дар қолаби маҳдӯд ва  густарда аснодеро имзо мекунад .

Токаев ва  путин дар ин дидор дарбораи чашмандозт ҳамкориҳои дуҷониба ва  таҳаввулот ва  мушкилоти байналмиллалӣ гуфтугӯ мекунанд ва  натоиҷи он дар баёнияҳое мунташир мешавад.

Ҳамчунин дар ин дидори Путин ва  Токаев дар формати Осиёи Марказӣ - Русия ва нӯздаҳумин нишасти умумии ҳамкориҳои байни минтақаии Маскав ва  Остона бо унвон "кишоварзии асоси як иқтисоди қавӣ " дар Қостанайи Қазоқистон баргузор мешавад,  ширкат мекунанд.

Ин дидори руасои Ҷумҳурии Русия ва  Қазоқистони панҷумин дидори онҳо дар сол ҷорӣ аст ва  сарони ду кишвар дар соли ҷорӣ борҳо ва батаври муназзам аз тариқи телефон бо якдигар иртибот доштанд .