Бишкек мизбони чаҳорумин нишасти Камиссиони ҳамкориҳои Қирғизистону Покистон
Чаҳорумин нишасти Камиссиони ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Қирғизистону Покистон баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, чаҳорумин нишасти Камиссиони ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Покистону Қирғизистон ба раёсати Одил Байсолов, муовини нахуствазири ин кишвар ва Муҳаммад Алӣ, вазири энержии давлати муваққати Покистон дар Бишкек баргузор шуд.
Дар ин нишаст, вазъияти кунӯнии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин заминаҳои умедворкунандаи таъомули ду кишвари Покистону Қирғизистон мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.
Тарафайн дар ин нишаст, тавофуқоте барои баргузории маҷомеъи тиҷорӣ, намоишгоҳҳои гардишгарӣ ва ҳамчунин намоишгоҳи тахассусии маҳсӯлоти содиротии тавлидкунандагони Қирғизистон дар ин кишвар анҷом доданд.
Мақомоти Покистону Қирғизистон ҳамчунин тавофуқ карданд як чорчӯби ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба барои омодасозии имзои мувофиқатномаҳо ва тафоҳумномаҳо дар заминаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, гардишгарӣ, стандартсозӣ ва андозашиносӣ ва омӯзиш тавсеа диҳанд.