Ноябр 13, 2023 11:59 Asia/Dushanbe
  • « Самарқанд » мизбони дуюмин нишасти ҳамкориҳои илмии Узбекистон ва Туркия
    « Самарқанд » мизбони дуюмин нишасти ҳамкориҳои илмии Узбекистон ва Туркия

Дуюмин нишасти ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишии Узбекистон ва Туркия рӯзҳои 13 ва 14 ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад.

Чанде қабл намоишгоҳи муаррифии донишгоҳҳои Туркия бо ҳамкории ширкати хадамоти мушовара ва  омӯзиш ( TRUCAS ) дар Тошканд, пойтахти Узбекистон баргузор шуд.

Дар ин намоишгоҳ донишгоҳҳои мухталифи Туркия аз ҷумла Истанбули Нишонтошӣ, Истонбул тиҷорат, Истонбул Яниюзи Йил, Собончӣ, TED  Ёшор,  Отилим ва  Култур Истанбул ҳузур доштанд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Тошканд.  интизор меравад намояндагони беш аз 50 донишгоҳи Узбекистон ва 40 донишгоҳи Туркия дар дуюмин нишасти ҳамкориҳои илмӣ ва  омӯзишии ду кишвар ширкат кунанд.

Дар ин нишасти мавзӯъоте аз ҷумлаи густариши ҳамкории байни муассисоти омӯзиши олии Туркия ва  Узбекистон,  барномаҳои табодули донишҷӯ, пружеҳои таҳқиқотии муштарак ва таҳкими ҳамкорӣ дар соири ҳавзаҳои роҳбурдӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Барчасп