Декабр 03, 2023 11:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Тадовуми ҳамлаи террористӣ дар Ҳироти Афғонистон ва пурсишҳои бе посӯх
    Таҳлил: Тадовуми ҳамлаи террористӣ дар Ҳироти Афғонистон ва пурсишҳои бе посӯх

Дар ҳоле, ки чанд рӯзӣ аз ваъдаи мақомоти маҳаллии Толибон дар Ҳирот ва ҳамчунин Кобул нишинон дар мавриди таъмини амнияти мардуми Афғонистон ба хусӯси шиъён ва уламои онон намегузарад Ҳирот бори дигар шоҳиди ҳамалоти террористӣ ба шиъаён террори ду тан аз олимони динии шиъаён буд.

Дар ҳафтаҳои ахири ҳамла ба шиъаён ба вижа уламои диннӣ дар вилояти Ҳирот афзоиш ёфта ва  ончӣ ки бештар боиси нигаронии ҷомеъа Афғонистон аст террорҳои ҳадафманд ва  ҳазфи физикии уламоӣ диннӣ аст ба гӯнае, ки 23 ноябр афроди мусаллаҳи ношинос дар маркази шаҳри Ҳирот ду тан аз уламои шиъаро террор карданд.

Агар чӣ мақомоти маҳаллии Толибон ваъдаи ҷилавгирӣ аз такрори ин гӯна ҳамалотро додаанд аммо террористҳо билофосила бо такрори ҷинояти худ дар вилояти Ҳирот талош карданд нишон диҳанд, ки Толибон дар таъмини амнияти мардуми Афғонистон нотавон аст ва ҳамчунон террористҳо метавонанд иқдом ба террор  эҷоди ноамнӣ ва   ваҳшат кунанд.  Наҷмаи Иқболи коршиноси масоили амниятӣ ва  роҳбурдӣ дар ин бора мегуяд :

" Беррористҳо бо тадовуми қатлҳои ҳадафманди ду ҳадафи асосиро дар Афғонистон дунбол мекунанд аввал инки қудрат ва тавон Толибонро барои барқарории амнияти мардуми Афғонистон ба чолиш бикашанд дуввум инки Афғонистонро ба самти ҷанги мазҳабии дохилӣ сӯқ диҳанд . Агар чӣ дар хабарҳо террористҳо афроди ношинос муаррифӣ мешаванд аммо ба сахти метавон пазируфт, ки Толибони ин афродро намешиносад ва ё нотавон аз шиносоӣ онон аст ".

Чунончии гузориши манобеи маҳаллӣ дар Ҳирот мабнӣ бар ин ки ҳашт тан дар масири шаҳраки Шуҳадо ва  шаҳраки Сабз дар ноҳияи 13 шаҳрии вилояти Ҳирот тирборон шуданд ، сиҳҳат дошта бошад,ки ҳатман дорад номраи ба шиддати манфӣ дар корномаи масъӯлони амниятии Толибон дар вилоят Ҳирот аст. .Зеро террорҳо тақрибан дар як минтақа сӯрат гирифта ва ҳамчунон идомаи дорад.  Дар ин ҳамлаи террористӣ панҷ тан шаҳид ва се тани дигар ба шиддат захмӣ шуданд. .Гуфта мешавад, ки тирандозӣ аз дохили як мошин ба самти як сечархаи ҳомили ду тан аз уламои шиъа ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон сӯрат гирифтааст.

Дар даҳаҳои гузашта, ки Афғонистон даргири масоили дохилӣ ва ҳатто ишғол буда ҳеҷ гоҳи ин кишвар ба самти ҷанг ва ё даргирии мазҳабӣ савқ пайдо накард ва ҳамвора даргириҳо манша ва  решаи қавмӣ дошта аст.  Бинобарин аз замони бозгашти муҷаддади Болибон ба ҳокимият дар Афғонистон дар беш аз ду соли гузашта умдаи аҳдофи ҳамалоти террористӣ дар ин кишвари амокини мазҳабӣ ва  уламоӣ динӣ буда аст, ки баёнгари фаъолияти ҷараёнҳои созмон ёфтаи даҳшат афкан аст, ки умдаи реша ва  маншаи онон хориҷ аз Афғонистон аст. Сайид Исои Мазорӣ коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд :" Мардуми Афғонистон чӣ шиъа ва чӣ суннӣ ҳамвора зиндагии мусолиматомезе доштаанд ва ба ҳеҷ унвон иҷоза надодаанд, ки душманон Афғонистон бихоҳанд дар ин раванд халал эҷод кунанд.

Аммо руйкарди  террористҳо дар солҳои ахир ҳамла ба амокини мазҳабӣ ва  уламои диннӣ баёнгари вурӯди як ҷараёни террористӣ ва  хушунатталаб ба Афғонистон аст, ки агар Толибон ҳар чӣ сариътар онҳоро шиносоӣ ва нобӯд накунад беш аз пеш амнияти ин кишварро таҳдид хоҳанд кард ".Дар ҳар ҳол дар тозатарин ҳамлаи террористии дар Ҳирот Муҳамадмуҳсини Ҳомиӣ эмом ҷамоъати масҷиди ҳазрати Абулфазл ( ъ ) ва  Муҳаммадтақии Содиқӣ эмоми ҷамоъати масҷиди Расули Аъзам ( с ) ба шаҳодат расиданд, ки ба таваҷҷӯҳи Толибон ба масъалаи амнияти уламо ва  амокини мазҳабӣ, беш аз пеш метавонад ваъдаи Толибонро барои таъмини амнияти мардум ва  шиносои омилони террор бо тардид мувоҷеҳ кунад.

Толибон ки худро гурӯҳи қудратманд дар мувоҷҷеҳ бо таҳаррукоти террористӣ медонад дар ҳафтаҳои ахир нишон додааст, ки дорои заъфҳои густарда дар ин хусӯс аст ва  чунон чӣ Толибон дар сутуҳи миллӣ ва  маҳаллӣ натавонанд монеъ аз тадовуми фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ шавад тавон ин гурӯҳро барои ҳукмрони дар Афғонистон ба шиддат зери суол мебарад ва метавонад дар нигоҳи ҷомеъаи байналмилалӣ ҷиҳати шиносоии байналмилалиӣ ҳокимияти Толибон ҳам номраи ба шиддат манфӣ дошта бошад. Аз ин рӯ мардуми Афғонистон интизор доранд ҳукумати Толибон бо амал ба ваъдаи худ бо шиносоӣ ва  дастгирии авомили террор амният ва оромишро ба ҷомеъаи Афғонистон бозгардонад.

Дар ғайри ин сурат дастҳое дар кор аст то ба ҷанги фирқаӣ ва  мазҳабӣ дар Афғонистон доман бизананд, ки дар сурати густариши доманаи он,  кантроли вазъият ба маротиб барои Толибон сахттар хоҳад буд .

Барчасп