Ташйиъу тадфини Сайид Муҳаммади Ҳодӣ - чеҳраи сиёсиву ҷиҳодии Афғонистон
(last modified Fri, 08 Dec 2023 11:03:14 GMT )
Декабр 08, 2023 16:03 Asia/Dushanbe
  • Сайид Муҳаммадҳодии Ҳодӣ - аз чеҳраи ҷиҳодии Афғонистон
    Сайид Муҳаммадҳодии Ҳодӣ - аз чеҳраи ҷиҳодии Афғонистон

Пайкари Сайид Муҳаммадҳодии Ҳодӣ, аз чеҳраҳои саршиноси ҷиҳодиву сиёсии Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар Кобул - пойтахти Афғонистон ташйиъ ва ба хок супурда шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, маросими ташйиъу хоксупории ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҳодии Ҳодӣ имрӯз бо ҳузури уламо, туллоб, фарҳангиён, аъзои хонаводаву ҷамъе аз шаҳрвандони Кобул дар ғарби ин шаҳр баргузор шуд.

 

Ширкаткунандагон дар ин маросим даргузашти ин чеҳраи сиёсиву ҷиҳодиро зойеае барои мардуми Афғонистон донистанд ва зимни ибрози таассуф аз ин зойеъа, аз корномаи ҷиҳодиву фарҳангии вай ба некӣ ёд карданд.

Пайкари ин чеҳраи ҷиҳодии Афғонистон пештар дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) дар Машҳад ва ҳарами ҳазрати Маъсума (с.а) дар шаҳри Қум ташйиъ шуда буд.

Сайид Муҳаммадҳодии Ҳодӣ яке аз чеҳраҳои саршиноси ҷиҳодиву сиёсии Афғонистон буд, ки корномаи дурахшоне дар муборизаву ҷиҳод бо артиши сурхи Шуравӣ ва коммунистҳо дорад ва аз ҷумлаи нахустин фармондеҳони ҷиҳод дар устони Вардак буд.

Оқои Ҳодӣ дар симатҳои мухталиф, аз ҷумла вазири вазоратхонаҳои кишоварзӣ, тавсеаи рустоӣ, муовинату сарпарасти вазорати шуҳадо ва маълулин дар давлатҳои собиқи Афғонистон анҷоми вазифа карда буд.

Вай дар таъсиси Шӯрои ухуввати исломии Афғонистон нақши фаъол ифо кард ва аз аъзои муассири Шӯрои уламои аҳли ташайюи ин кишвар буд.

Ҳуҷҷатулислом Сайидҳодӣ пас аз таҳаммули чанд сол беморӣ ҳафтаи гузашта дар синни шаступанҷсолагӣ дори фониро видоъ кард.