Декабр 09, 2023 20:33 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тавофуқот, меҳвари ройзаниҳои сиёсии Узбекистону Гурҷистон

Муовинони умeри хориҷаи Узбекистону Гурҷистон дар Тифлис  бар иҷрои тавофуқоти давлатӣ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи Узбекистону Гурҷистон дар Тифлис баргузор шуд.

Раёсати ҳайати узбекро Бобур Усманов, муовини вазири умӯри хориҷа бар ӯҳда дошт ва Александр Хвтисиашвили, муовини вазири умӯри хориҷаи Гурҷистон раёсати ҳайати гурҷиро ӯҳдадор буд.

Тарафайн сайри мусбати густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар, афзоиши сафарҳои мутақобилу иҷрои тавофуқоти давлатиро бисёр арзишманд хонданд.

Дар ин дидор чигунагии равобит, чашмандози густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва соири заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн баррасӣ шуд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст, бар аҳаммияти густариши ҳамкориҳо, гуфтугӯҳои байни порлумонӣ, тасреъи иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи тиҷорӣ ва санъатӣ, баргузории аввалин нишасти байни минтақаӣ, нишасти Шӯрои бозаргонӣ  ва намоишгоҳҳои тавлидкунандагони дохилӣ дар Гурҷистону Узбекистон таъкид карданд.

 

Барчасп