Афғонистон қарордоди хариди барқи воридотӣ аз Тоҷикистонро тамдид кард
(last modified Wed, 27 Dec 2023 13:20:16 GMT )
Декабр 27, 2023 18:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Брешно бо Барқи Тоҷик
    Ҳамкории Брешно бо Барқи Тоҷик

Ширкати тавзеи барқи Афғонистон қарордоди хариди барқи воридотии 500 киловолт аз Тоҷикистонро барои соли 2024 тамдид кард.

Муҳаммадҳанифи Ҳамза, раиси иҷроии ширкати тавзеи барқи Афғонистон (Брешно) дар дидоре бо Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати саҳҳомии Барқи Тоҷик дар Туркия, қарордоди хариди барқ барои соли 2024 мелодиро имзо намуд.

Бар асоси иттилоияи мунташиршуда тавассути Брешно, дар ҷараёни ин дидор ду тараф перомуни тамдиди барқи ҷадиди интиқолии барқи 500 киловолт аз Тоҷикистон ба Афғонистон суҳбат намуда ва кишвари Тоҷикистон низ дар мавриди тамдиди хати интиқоли барқи мазкур ибрози тамоюл кард.

Ҳайати Афғонистон ҳамчунин аз тарафи тоҷикистонӣ хост, дар ростои оғози дубора, ҳамоҳангӣ ва иҷрои пружаи КАСА - 1000 бо Афғонистон ҳамкорӣ намояд.

КАСА – 1000 яке аз пружаҳои Осиёи Марказӣ аст, ки қарор аст барқи Қирғизистону Тоҷикистонро аз тариқи хутути интиқоли энержӣ бо тӯли 1250 километр ба Афғонистону Покистон интиқол диҳад. Дар чорчӯби ин тарҳ даҳҳо километр хутути ҷадиди барқ дар ин кишварҳо сохта хоҳад шуд.