Январ 01, 2024 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши мақоми собиқи қирғиз аз ормон ва азми генерал Сулаймонӣ
    Ситоиши мақоми собиқи қирғиз аз ормон ва азми генерал Сулаймонӣ

Намояндаи собиқи порлумони Қирғизистон бо ишора ба биниши маънавии шаҳид Сулаймонӣ садоқат ва азми уро дар мубориза бо душманон ва барқарории амният дар минтақа сутуд.

Генерал Қосими Сулаймонӣ фармондиҳи вақти неруии қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 3 январи 2020 дар ҳоле ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва терруристии амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумеҳди Алмуҳандис нойиб раиси вақти басиҷи мардумии Ироқ ва ҳашт нафар аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс Турсунбоӣ Боқирулу узви собиқи порлумони Қирғизистон бо ишора ба нақш ва ҷойгоҳи Эрон ва сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар мубориза бо тероризми байналмилалӣ гуфт нубуғи стратеги ва таҷрибаи раҳбарии низоми генерал Сулаймонӣ бар моҳияти амалиёти низоми зидди тероризм дар минтақа бисёр таъсиргузор буд.

Боқирулу таъкид кард идеалогия ва нигоҳи динии генерал Сулаймонӣ дар тамоми фаъолиятҳои ин шаҳид аз ҷумла дар умури низоми комилан қобили мушоҳида буд. Садоқат ва азми ин шаҳид дар иҷрои вазоиф ҳатто мухолифонашро водошт то ба у эҳтиром бигузоранд ва ишонро ба унвони яке аз мақомоти барҷастаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бишносанд.

Ин мақоми собиқи қирғиз хотирнишон кард генерал Сулаймонӣ дар хориҷ аз Эрон беш аз дохили кишвар шинохта шуда аст ва шахсияти муҳимми дар мухолифат бо султаи Амрико ва муттаҳидонаш аз ҷумла Исроил бар арсаи байналмилал буд иқтидор ва устувории у дар руёруӣ бо душманон боиси тарси онҳо мешуд.

Боқирулу ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва наслкушии фаластиниҳо гуфт ман натанҳо аз кишварҳои исломӣ балки аз ҳамаи миллатҳое ки ба моҳияти ваҳшии саҳюнизм пайи бурдаанд мехоҳам бо ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин саранҷом ба ташкили кишвари мустақили Фаластин барисанд чаро ки фақат дар ин сурат фаластиниҳо метавонанд сарзаминҳои аз дастрафтаи худро пас бигиранд.

Ба гуфта ин коршиноси қирғиз мавзуи Фаластин ҳамаи мусулмонони ҷаҳонро ба ҳам пайванд медиҳад агар ин кишвар набошад ваҳдати уммати исломӣ чандон таҳаққуқи пайдо намекунад ва ин фақат ба суди саҳюнистҳо аст.

Намояндаи собиқи порлумони Қирғизистони афзуд барои пешгири аз ҳамалоти оянда ба миллатҳои мусулмон бояд Натаняҳу ва дигари сарони режими саҳюнистиро ба ҳамроҳи муттаҳидон ва ҳомиёни онҳо дастгир ва ба унвони ҷинояткорони ҷанги муҷозот кард.

Барчасп