Январ 01, 2024 19:44 Asia/Dushanbe
  • Соли 2024 дар Узбекистони соли ҳимоят аз ҷавонон ва тиҷорат номгузори шуд
    Соли 2024 дар Узбекистони соли ҳимоят аз ҷавонон ва тиҷорат номгузори шуд

Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбекистон дар паёми табрикотии соли нави милодӣ ба мардуми кишвараш соли 2024 милодӣ дар ин кишварро ба унвони сол ҳимоят аз ҷавонон ва тиҷорат номгузори кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс раиси Ҷумҳурии Узбекистон гуфт: Вазоифи аслии мо иртиқои иззату ҳайсияти башар, таъмини манофеи мардум ва эҷоди як иқтисод қави аст.

Мирзиёев афзуд: Дар соли нав ҷазби сармоягузориҳои хориҷӣ, эҷоди фурсатҳои густарда барои корофарини ва моликияти хусусиро ташдид мекунем барои рушди илм, навовариҳо, бахши фанновариҳои итилорасонӣ, эҷоди фанновариҳои сабз ва диҷитол тавваҷуҳи хос хоҳем дошт.

Вай изҳор дошт: Эҷоди машоғили ҷадид, афзоиш даромад ҷамъият дар маркази тавваҷуҳ хоҳад буд.

Раиси Ҷумҳурии Узбекистон хотирнишон кард: Таҳкими истиқлоли меҳан ва имкониятҳои размии неруҳои мусаллаҳ ҳамчунон вазифаи авлавиятдор хоҳад буд.

Мирзиёев зимни ҷамбандии соли гузашта милодӣ гуфт: Албата дар зиндагӣ дар канори шодиҳо ва муваффақиятҳо нигарониҳо ва мушкилоти низ вуҷуд дорад, аммо инсон ва мардум дар сояи ақл ва кори фидокорона ва иродаи қавии худ қодиранд бо шоистагӣ бар ҳар чолишӣ фоиқ оянд.

Барчасп