Узбекистон рекорддори фурӯши тилло дар ҷаҳон тайи моҳҳои октябру ноябри 2023
Бар асоси гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло, Узбекистон дар моҳҳои октябру ноябри соли 2023 бо фурӯши 22 тонн тилло ба бузургтарин фурӯшандаи ин фулузи гаронбаҳо дар ҷаҳон табдил шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, бар асоси гузориши Шӯрои ҷаҳонии тиллои (World Gold Council), Узбекистон дар моҳҳои октябру ноябри соли 2023 бо фурӯши 22 тонн тилло ба бузургтарин фурӯшандаи тиллои ҷаҳон табдил шудааст.
Гуфтанист, дар моҳи октябри соли гузаштаи милодӣ Узбекистон барои аввалин бор дар содироти тилло пештоз шуд, ки он замон 11 тонн тилло ба арзиши 1 миллиарду 240 миллиондоллар фурӯхта шудааст.
Дар моҳи ноябри соли 2023 Узбекистон рекорди худро такрор карду дубора 11 тонн тилло ба арзиши 1 миллиарду 281 миллион доллар фурухту пештозиро, ки дар моҳи октябр сабт шуда буд, ҳифз кард. Ҳамчунин дар 11 моҳи соли 2023 даромади ҳосил аз фурӯши тиллои Узбекистон ба 8 миллиарду 150 миллиондоллар расид, ки нисбат ба соли қабл 2.3 баробар бештар аст.
Қазоқистон дар мақоми дуввум қарор гирифта, ки 3 тонн тилло фурӯхтааст.
Харидори аслии тилло дар моҳи ноябри Туркия буд, ки 25 тонн харид кардааст, Полша бо 19 тонн дар рутбаи дувуму Чин бо 2 тонн дар рутбаи сеюм қарор гирифтанд.
Пешрав дар хариди холис дар сол Чин ва пас аз он Полша ва Сингапур буд. Дар миқёси солона Узбекистон мақоми дувумро дар фурӯши холиси ин фулузи гаронбаҳо бо андаке пас аз Қазоқистон ба худ ихтисос дод.
Гуфтанист, дар моҳи августи соли гузаштаи милодӣ Узбекистон бо хариди 9 тонн фулузи гаронбаҳо ба чаҳорумин харидори бузурги ҷаҳон табдил шуд.
Корхонаҳои оҳангудозии "Навоӣ" ва "Олмалик", тавлидкунандагони тилло дар Узбекистон аст.