Муаррифии нахустин китоби раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон
Нахустин китоби раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар Душанбе муаррифӣ ва мизигирди ба муносибати эъломи соли 2024 ба унвони соли "Ганҷинаи хиради Махдумқули Фароғӣ" баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс нахустин китоби Сардор Бердимуҳаммадов раиси Ҷумҳурии Туркманистон бо ном "Ҷавонон такягоҳи меҳан" дар маҳали сифорати ин кишвар дар Душанбеи муаррифӣ ва ҳамчунин мизигирди ба хотири эъломи соли ҷадиди милодӣ ба унвони соли "Ганҷинаи хиради Махдумқули Фароғӣ" барпо шуд.
Дар ин маросим намояндагони ҷомеъаи дустии Тоҷикисто-Туркманистон, дияспораи Туркманистон ва донишҷуёни туркмани машғӯли таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар ширкат карданд.
Ширкаткунандагон ин руйдод бар аҳамияти китоби раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар тарбияти насли ҷавон дар руҳияи меҳани парасти таъкид карданд.
Дар бахши дигари ин маросим дар хусуси эъломи соли 2024 ба унвони сол "Ганҷинаи хиради Махдумқули Фароғӣ" ки баргузарии теъдодии руйдодҳо дар сутуҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба муносибати сесадумин солгарди таваллуди ин шоир ва мутафаккири шарқиро пешбини мекунад, баҳс ва табодули назар сурат гирифт.
Суханронони тайи ин руйдод бар аҳамияти мироси халлоқи адабиёти классики туркман, ки ба бахшеи ҷудоинопазир ганҷинаи фарҳанги ҷаҳонӣ табдил шудааст таъкид.