Суқути ҳавопаймо дар Афғонистон
(last modified Sun, 21 Jan 2024 13:02:49 GMT )
Январ 21, 2024 18:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймои \\\
    Ҳавопаймои \\\"Фалкон\\\"-и Русия дар Афғонистон нопадид шудааст

Як ҳавопаймо дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо 6 сарнишин суқут кард

Дар ҳоле ки пеш аз ин гузоришҳои зидду нақизе дар мавриди моҳияти ҳавопаймои суқуткарда дар вилояти Бадахшон мунташир шуда, Вазорати ҳамлу нақлу ҳавонавардии Афғонистон дар тозатарин ҷузиёт эълом кардааст, бар асоси иттилооти аввалия, як ҷети шахсии русии “FALCON – 10” бо шаш сарнишин ва хадама шомгоҳи гузашта, соати 7 аз Ҳинд ба мақсади Тошканд дар ҳоли парвоз буд.

Ба гузориши хабаргузории “Садои афғон”, Вазорати ҳамлу нақлу ҳавонавардии Афғонистон эълом кардааст, ки ин ҳавопаймо ба далели мушкилот аз масири худ мунҳариф шуда ва эҳтимолан дар Зебоки вилояти Бадахшон аз мадор хориҷ гардидаву дар шаҳристони Карону Манҷон нопадид шудааст. Ба гуфтаи Вазорати ҳамлу нақлу ҳавонавардӣ, масири ҳавопаймои мазкур дар ҳарими ҳавоии Афғонистон барномарезӣ нашуда буд ва эҳтимолан ба далели мушкилоти фаннӣ аз масири худ мунҳариф шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Спутник” ба нақл аз ширкати ҳавопаймоии Русия гузориш додааст, ки ҳавопаймои "Фалкон" ки дар Афғонистон нопадид шуда, дар феҳристи ҳавопаймоҳои ғайринизомии давлати Русия сабт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, дар ин ҳавопаймо 4 хадама ва 2 мусофир ҳузур доштаанд. Ба гузориши ширкати ҳавопаймоии Русия, ҳавопаймои мафқудшуда дар ҳоли анҷоми як парвози чортерт пизишкӣ дар масири Ҳинд - Тошканд - Маскав буда, ки иртиботи он аз асри рӯзи шанбе (20 январ) қатъ ва аз сафҳаи радар маҳв шудааст. Сервиси ҳамлу нақли ҳавоии Русия эълом карда, ки ҷустуҷӯ барои ёфтани ин ҳавопаймо дар ҳоли анҷом аст.