Кобул мизбони нишасти намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонист
(last modified Mon, 29 Jan 2024 08:09:56 GMT )
Январ 29, 2024 13:09 Asia/Dushanbe
  • Кобул мизбони нишасти намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонист
    Кобул мизбони нишасти намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонист

Кобул фардои душанбе барои нахустинбор мизбони нишасти намояндагони вижаи бархе кишварҳои ҳамсоят Афғонистон хоҳад буд .

Ин нишаст ба ибтикори Эрон ва бо ҳузури намояндагони Русия , Чин , Покистон ва  Эрон ба мизбонии Вазорати умӯри хориҷаи ҳукумати Толибон баргузор хоҳад шуд .

Кобул мизбони нишасти намояндагони чаҳор кишвари минтақа

Ҳарчанд аз августи 2021 ки Толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта нишастҳои мутаъаддиде барои баррасии таҳаввулоти ин кишвар дар кишварҳои минтақа баргузор шуда,  аммо ин нахустин бор аст ки Кобул намояндагони вижаи чанд кишвари минтақаро мизбонӣ мекунад .

Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон дар баёнияе бо ишора ба мушорикат надоштани намояндагони дигар кишварҳо дар нишасти рӯзи душанбеи Кобул , ибрози умедворӣ кард то дар нишастҳои баъдӣ , соири кишварҳои ҳамсоя ва  минтақа низ дар ин нишаст ширкат кунанд .

Толибон аз замони қудрат гирифтани дубора дар Афғонистон , барои касби машрӯъияти байналмилалӣ талош мекунад аммо кишварҳо ва  Созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла ғарбӣ ҳамвора давлати муваққати Толибон дар Афғонистонро ба нақзи Ҳуқуқи башар муттаҳам мекунанд .

Муҳимтарин хостаи ҷаҳонӣ аз Толибон ташкили ҳукумати фарогир , эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷумла шиносоии ҳақи кори занон ва  таҳсили духтарон Афғонистон аст . Ба ҳамин далел баргузории нишасти намояндагони кишварҳои минтақа дар Кобул,  ба навъе афзоиши эътибори ҳукумати Толибон маҳсӯб мешавад. Ташкили гурӯҳи тамоси байналмилалӣ бо мавзӯи Афғонистон барои бурӯн рафтан аз чолишҳои мавҷӯд дар ин кишвар ва растдан ба Афғонистон босубот барои ҳамсоягону минтақа , аз ибтикороти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ки пеш аз ин дар нишаст " Казан " Русия матраҳ ва дар баёнияеи поёнии он омада буд .

Нишасти Казани Русия ҳафтуми авохири сентябри гузашта бо ҳузури намояндагони сездаҳ кишвари минтақа аз ҷумла Эрон, Русия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арабистони Саъудӣ , Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар баргузор шуд .

« Ҳасани Козимии Қумӣ » намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умӯри Афғонистони пас аз нишаст Казан гуфта буд, ки кишварҳои ҳамсоя ба ин ҷамъбандӣ расидаанд ки бояд дар як ҳаракати ҷамъӣ ва  ибтикори минтақаӣ , зимни ҳамкорӣ бо ҳукумати сарпарасти Афғонистон , шароитро дар ин кишвар тағйир диҳанд .

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умӯри Афғонистону раиси намояндагии сиёсии Эрон дар Кобул дар суханоне дарнишасти Казан зимни интиқод аз дахолатҳои Амрико дар минтақа , сиёсатҳои Амрико дар умӯри Афғонистонро дар солиёни гузашта нодуруст хонд ва бар ҳамкории бештари кишварҳои ҳамсоя барои кумак ба ҳали мушкилоти Афғонистон , бидуни иттико ба унсури бегона таъкид кард.

Бар асоси гузоришҳо қарор аст дар нишасти рӯзи ояндаи Кобул мавзӯъоти мухталиф аз ҷумлаи масоили сиёсӣ , амниятӣ , мубориза бо тероризм , ҳамкориҳои иқтисодӣ , фарҳангӣ ва  ҳавзаи муҳитизист дар нишасти намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Кобул мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад .

Ҳамчунин ташкил нашудани ҳукумати фарогир дар Афғонистон яке аз муҳимтарин дағдағаҳои кишварҳои таъсиргузори минтақа аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия аст, ки интизор меравад дар ин нишасти ин масаъла низ мавриди баҳси қарор гирад .

Нишасти гуруҳи тамоси байналмилалӣ бо ҳузури намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсоя ва  минтақа дар Кобул дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон дар нишаст бо сафирон ва  дипломатҳои кишварҳои ҳамсоя ва  минтақа бар зарурати ба коргирии роҳкорҳои минтақаӣ дар ҳавзаи Афғонистон таъкид карда буд .

Амирхони Муттақӣ дар ин нишаст бо таъкид бар таъомули мусбат бо кишварҳои минтақа ва  ҷаҳон , аз дипломатҳои ҳозир дар ин нишаст хост паёми ҳукумати сарпарасти Афғонистонро ба кишварҳои матбӯъи худ бирасонанд то Афғонистон ва минтақа битавонанд ба сӯрати муштарак аз фурсатҳои ҷадид дар минтақа ба нафъи ҳукуматҳо ва  миллатҳои худ истифода кунанд .

Ба эътиқоди огоҳон,  нишастҳои минтақаӣ бо ҳузури намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон метавонад ба ҳали мушкилоти ин кишвар ва  минтақа кумак кунад , зеро ин кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ҳастанд, ки таҳти таъсии вазъияти нобасомон ва  мушкилоти ин кишвар қарор мегирад ба иборати дигари амният, сабот ва  рифоҳи иқтисодӣ дар Афғонистон метавонад ба сурати мустақим бар кишварҳои ҳамсоя ва  минтақа таъсир гузор бошад , бинобарин гурӯҳи тамоси байналмилалӣ як роҳкори муносиб барои бурун рафт аз чолишҳои Афғонистон аст .