Тавофуқи Эрон ва Узбекистон бар рушди дипломасии иқтисодӣ
(last modified Tue, 30 Jan 2024 14:12:43 GMT )
Январ 30, 2024 19:12 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Узбекистон бар рушди дипломасии иқтисодӣ
    Тавофуқи Эрон ва Узбекистон бар рушди дипломасии иқтисодӣ

Дар ҳафтумин давр аз ройзаниҳои сиёсии Эрон ва Узбекистон, ду кишвар дар заминаи тақвияти дипломасии иқтисодӣ ва рушди сармоягузорӣ ва тиҷорат тавофуқ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Алии Боқирии Канӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ва Баҳромҷон Аълоев муовини аввали вазири хориҷаи Узбекистон ки раёсати ҳайатҳои дукишвар дар ҳафтумин давр аз ройзаниҳои сиёсиро бар уҳда доштанд дар бораи вазъияти кунуни ва заминаҳои авлавиятдор барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин таъомул дар созмонҳои чандҷониба гуфтугу карданд.

Барасоси ин гузориш ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбекистон бо таъкид бар тақвияти дипломасии иқтисодӣ, эҷоди шароити мусоид барои тиҷорати мутақобил ва иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ, тақвияти иртибототи мустақим байни маҳофили тиҷории ду кишвар ва беҳбуди меканизмҳои таъомул дар бахши ҳамлунақл ва иртибототро хостор шуданд.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар дидор бо Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Узбекистон дар умури Афғонистон дар бораи густариши иқдомоти муштарак барои ҳалли буҳрон ва барқарории сулҳ дар ин кишвар таъкид кард.