Январ 04, 2017 15:11 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди қирғиз нақши худро дар ҳамлаи Истанбул рад кард

Яҳё Машрапов, шаҳрванди қирғизистонии муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаи террористии Истанбул иттиҳомот матраҳшуда алайҳи худро дар ин замина рад кард.

Ба иттилои Спутник, рӯзи сеюми январ расонаҳои Туркия бо интишори тасовире аз рафту омади Яҳё Машрапов, шаҳрванди қирғизистонӣ дар кӯчаҳои Истанбул ва чопи акси шиносномааш вайро муттаҳами аслии ҳамлаи террористӣ ба клуби Рейна муаррифӣ карда буданд .

Шаби якуми январ марде мусаллаҳ ба клуби шабона Рейна дар шаҳри Истамбул ҳамла кард, ки дар ин ҳодиса 39 тан кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд .

Яҳё Машрапов, ки сеюми январ аз Туркия ба Қирғизистон баргашта, дар гуфтугӯ бо пойгоҳи интернетии Turmush гутааст: Агарчи дар рӯзҳои ахир ба Туркия рафту омад дошта, аммо дар ҳамла ба клуби Рейнаи Истанбул даст надоштааст .

Ин шаҳрванди қирғизистонӣ, ки чеҳрааш ба тасовири мунташиршуда аз омили ҳамлаи террористии Истанбул шабоҳат дорад, бо ишора ба бозҷуии анҷомшуда аз вай дар Фурӯдгоҳи Истанбул афзуд: Пас аз ин бозҷуӣ, ки ҳудуди як соат ба тӯл анҷомидааст, маъмурон аз вай узрхоҳӣ карда ва ба ӯ иҷозаи парвоз додаанд .

Пеш аз ин хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, аз эҳтимоли мушорикати як шаҳрванди узбакистонӣ ё қирғизистонӣ дар ҳамла ба клуби Рейна дар Истанбул хабар дода буд.

Масъулияти ҳамлаи якуми январи Истанбулро гурӯҳи террористии ДИИШ бар уҳда гирифтааст .

 

Барчасп