Маҳрумияти се чаҳоруми духтарони Афғонистон аз омӯзиш
(last modified Wed, 13 Mar 2024 06:44:41 GMT )
Март 13, 2024 11:44 Asia/Dushanbe
  • Маҳрумияти се чаҳоруми духтарони Афғонистон аз омӯзиш

Созмони омузишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) аз маҳрумияти се чаҳоруми духтарони Афғонистон аз омузиш хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ЮНЕСКО дар тозатарин гузориши худ эълом кард, Афғонистон дар миёни даҳ кишваре аст, ки бештарини духтарони маҳрум аз мадрисаро дорад ва 75 дарсади духтарон дар Афғонистон аз омузиш маҳрум мондаанд.

Бо руи кор омадани ҳукумати Толибон дар Афғонистон, маҳдудиятҳои омузишӣ бар духтарони болои синфи шашум вазъ шуд, ки аз замони вазъи ин маҳдудиятҳо 900 рӯз мегузарад.

Дар ҳоле, ки қарор аст, камтар аз даҳ рӯзи дигар соли таҳсилии ҷадид дар Афғонистон оғоз шавад, мавзу аз саргирии таҳсили духтарони болои синфи шашум дар ҳолае аз ибҳом аст, ҳеҷ чашмандози равшане ҳам вуҷуд надорад ва духтарон низ ҳамчунон ба донишгоҳҳо иҷоза вуруд надоранд.