Январ 07, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
  • Чин ва Қирғизистон, тавофуқ барои мубориза бо терроризм

Дар бисту панҷумин солгарди барқарории равобити дипломатики Қирғизистон ва Чин, раҳбарони ду кишвар дар заминаи муборизаи муштарак бо терроризм ва тавсеаи муносиботи иқтисодӣ тавофуқ карданд.

Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар нахустин сафари хориҷии худ дар соли 2017 ба Пекин, пойтахти Чин сафар кардааст.

Дар ин сафар, ду кишвар мувофиқат карданд, ҳамкориҳои амниятии худро дар ростои мубориза бо терроризм густариш диҳанд. Таъкид бар ҳамкории ду кишвар дар ин замина дар ҷарёни дидори Си Ҷинпин, раисҷумҳури халқи Чин ва Алмазбек Атамбоев, ҳамтои қирғизи вай дар Пекин сурат гирифт ва тарафайн эълом карданд, дар бораи роҳҳои мубориза бо нерӯҳои террористӣ муносиботи худро густариш хоҳанд дод.

Ин тавофуқ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Қирғизистон ба унвони яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо муъзали ҷудоиталабӣ мувоҷеҳ набудааст. Дар ҳоле, ки дар тарафи дигари ин тавофуқ, Чин аз чанд ҷиҳат бо мушкилоти ношӣ аз таҷзияталабӣ мувоҷеҳ аст.

Хабаргузории чинии Синхуа дар ин замина, таи гузорише навишт, дар дидори руасои ҷумҳури Қирғизистон ва Чин, тарафайн таъкид карданд, ки бояд ҳамкориҳои амниятиро бар мубориза бо се нерӯи шайтонӣ шомили ҷудоиталабӣ, ифротгароӣ ва терроризм мутамарказ кунанд .

Чин тамоюли зиёде дорад, ки давлати Бишкек дар марзи муштараки ду кишвар истеҳкомоти бештаре насб кунад, то ба ин васила аз тараддуди гурӯҳҳои фаъоле, ки дар паи ноамн сохтани Чин ҳастанд, мамониат ба амал ояд. Воқеият он аст, ки Чин аз ин ноҳия осебпазир аст ва бархе аз кишварҳои ҷаҳон ба баҳонаҳои мухталиф дар паи таҷзияи Чин ҳастанд. Илова бар Амрико, ки дар тамомии бахшҳо хостори таҷзияи Чин аст, бархе гурӯҳҳо мавсум ба Пантуркист низ аз сӯи бархе кишварҳои мушаххас таъмини молӣ ва ҳимояти сиёсӣ мешаванд.

Қирғизистон ва Чин ду узви расмӣ ва доимии Созмони ҳамкории Шанҳай ҳастанд ва имкони онро доранд, ки дар чорчуби барномаи мавсум ба “Роҳи абрешим”, бо якдигар ҳамкориҳои судманде дошта бошанд. Бавижа, ки ҳар ду кишвар дар масири ин роҳи иртиботии дерина қарор доштаанд. Бо вуҷуди онки Қирғизистон бо мушкилоти ношӣ аз истиқлол аз Шӯравӣ ва камбуди тавлидоти дохилӣ мувоҷеҳ аст, Чин метавонад бисёре аз камбудҳои ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро пушиш диҳад. Дар воқеъ Чин имкони онро дорад, ки бисёре аз ниёзҳои иқтисодии Қирғизистонро таъмин намояд.

Тарҳи роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Узбакистон” аз ҷумлаи тарҳҳои муштаракест, ки таи чанд соли гузашта аз тарафи ҳар се кишвари Узбакистон, Чин ва Қирғизистон дар ҳоли баррасӣ аст, аммо тарафҳои зинафъ натавонистаанд дар ин замина ба тавофуқ барисанд. Ин масири иртиботӣ метавонад дастрасии бахши Осиёи шарқӣ ба Аврупоро мумкин созад ва мизони тараддуди мошинҳо аз Қирғизистон ба Чину Осиёи Марказиро коҳиш диҳад .