Оё Қирғизистон, Тоҷикистонро аз роҳи оҳани Чин-Эрон канор мезанад?
Ҳимояти дубораи раисҷумҳури Қирғизистон аз тарҳи сохти роҳи оҳани минтақаӣ аз Чин ба Эрон бо истифодаи қаламрави ин кишвар ва Узбакистон, мавқеияти Тоҷикистонро дар ин тарҳ бо мушкил рӯ ба рӯ мекунад.
Ба иттилои Акипресс, Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон дар ду дидори ахири хеш аз Тошканд ва Пекин бар ҳимоят аз гузинаи сохти роҳи оҳани Чин ба Эрон аз қаламрави кишвараш ва Узбакистон ҳимоят кардааст .
Қаблан дар ин маврид ду гузина пешниҳод шуда буд, ки нахуст сохти ин роҳи оҳан аз Чин-Қирғизистон-Узбакистон-Туркманистон ва Эронро мадди назар дошт, аммо гузинаи дуввум шомили масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрон мешуд, ки акнун ба назар мерасад, ба далели беҳбуди равобити Бишкек бо Тошканд ва идомаи ноамниҳо дар Афғонистон ин роҳ дурнамои мубҳаме дорад .
Ба гуфтаи коршиносон, ба далели вуҷуди хатти роҳи оҳан миёни Узбакистон ва Қирғизистон бо Туркманистон ва Эрон, иттисоли он ба Чин аз нигоҳи иқтисодӣ ба сарфатар аст .
Дар сурати ниҳоӣ шудани ин масир, Тоҷикистон, ки талош дорад, аз бунбасти иртиботии заминӣ хориҷ шавад ва ба обҳои озод дастрасӣ пайдо кунад, аз ин роҳи оҳан барои як давраи муваққат дар канор хоҳад монд .
Аз сӯи дигар Туркманистон сохти роҳи оҳани минтақаӣ то дохили Афғонистонро, ки мебоист ба Тоҷикистон муттасил мешуд, ба поён расонда ва аммо идомаи сохти ин роҳ дар қаламрави Афғонистон ва Тоҷикистон ҳануз равшан нест, зеро бар асоси ин тарҳ мебоист бо такмили роҳи оҳани Туркманистон ба Тоҷикистон ин масир аз Қирғизистон ба Чин муттасил шавад .
Тоҷикистон ва Туркманистон бар сари инки нуқтаи иттисоли ин хатти оҳан дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон ва ноҳияи Шаҳритус бошад ё бандари Шерхон, бо ҳам ихтилофи назар доранд .