"Ҷоми Душанбе"-ро футболистҳои ҳисорӣ бурданд
(last modified Tue, 02 Jul 2024 05:15:10 GMT )
Июл 02, 2024 10:15 Asia/Dushanbe

Футболистҳои мактаби варзишии ноҳияи Ҳисор "Ҷоми Душанбе"-ро дарёфт карданд.

Ба гузориши Субҳиддини Маҳмуд, хабарнигори "Ховар", футболистҳои мактаби варзишии ноҳияи Ҳисор сазовор дарёфти ""Ҷоми Душанбе" " шуданд.

 Дар варзишгоҳи "Ҷавони"-и шаҳри Ҳисор мусобиқаи финали футболи байни дастаҳои лигаи дувуми футболи Тоҷикистон "Рангон"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва муассисаи давлатии "мактаби варзишии ба номи Абдулманнон Зокиров" баргузор шуд.

 Ин дидор дар ду қисм бидуни натиҷа ба поён расид ва доварон панҷ зарбаи ҷаримавиро рӯйи дарвозаи ду даста таъйин карданд, то дастаи баранда мушаххас шавад.

 Дастаи меҳмон як туб камтар аз  дастаи мизбон ба самар расонд ва мактаби варзишии ноҳияи Ҳисор ба унвони барандаи даври ниҳоӣ ва соҳиби «Ҷоми Душанбе» шинохта шуд.