Июл 07, 2024 12:44 Asia/Dushanbe
  • Хунсо шудани кудитои хушунатбор дар Қирғизистон
    Хунсо шудани кудитои хушунатбор дар Қирғизистон

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, талош барои як кудитои хушунатбор дар ин кишварро хунсо карда аст.

Ба гузориши ИРНА, кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ки масъӯли муқобила бо тероризм ва муқобила бо ҷароими созмон ёфта дар ин кишвар аст эълом кард: неруҳои вижа монеъ аз талош барои ба даст гирифтани қудрат дар Қирғизистон шудаанд .

Ҳамчунин, дар баёнияи матбуотии кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистони омада аст: фаъолиятҳои ғайриқонунии як гуруҳи вайронгар ки бо созмондиҳии шуришҳои ҷамъӣ , ҳамроҳ бо марги шаҳрвандон , барои тасарруфи хушунатомези қудрат ва бесубот кардани авзоъи сиёсӣ - иҷтимои кишвар барномарезӣ мекарданд , саркуб шуд .

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо ишора ба ин ки ин гуруҳ муташаккил аз ҳомиёни идеологияҳои ҷинояткорона ва ифротгароёни мазҳабӣ буда аст афзуд: неруҳои амнияти токунун чаҳор шаҳрванди қирғизиро боздошт кардаанд ки қатаъоти бомбҳои дастсоз , силоҳ , муҳимот , дастгоҳҳои иртиботӣ , либосҳои зиддигулула , юниформ , паҳпод ва дигар ақломи мамнӯъа аз хонаҳо ва худравҳои гумонбарон кашф шуда ва таҳқиқот идома дорад .

Ду кудитои дигар низ дар моҳи июни 2023 ва январи 2024 дар Қирғизистони хунсо шуда буд.