Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ тақвият меёбад
(last modified Wed, 17 Jul 2024 06:05:14 GMT )
Июл 17, 2024 11:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ тақвият меёбад

Мавзӯи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар таърихи 15 июл дар дидори Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири кишвар бо Ахим Штайнер, мудири Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар ин дидор мавзуъҳои муҳими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла обу энергетика, ҳифзи пиряхҳо, ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва иҷрои афзалиятҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид дар заминаҳои тавсеаи иқтисоди пойдор, иқтисоди сабз, обу иқлим ва дар чорчӯби «Раванди оби Душанбе»- ро зарурӣ донистанд.