Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва варзишии Тоҷикистону Туркия
Тоҷикистону Туркия ҳамкорӣ дар заминаи кору варзиши ҷавононро тавсеа медиҳанд.
Тоҷикистону Туркия дар ҳоли тақвияти ҳамкориҳо ба манзури тавсеаи зерсохтҳо дар заминаи кору варзиши ҷавонон ҳастанд. Ин мавзӯ дар дидори Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ибраҳим Этнем, раиси дафтари ҳамоҳангии байналмилалии Туркия дар Душанбе (TIKA), мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин дидор мавзуоти тавсеаи бозиҳои миллӣ, табодули таҷрибаи варзишкорони Тоҷикистону Туркия ва густариши фурсатҳо барои ҷавонон баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши равобит бо созмонҳое, ки ҳадафи онҳо тавсеаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш аст, таваҷҷуҳи вижа дорад.
Дар ин дидор аз сатҳу муҳтавои равобити дуҷониба, ибрози ризоят ва барои густаришу тақвияти бештари равобит ибрози умедворӣ шуд.