Июл 24, 2024 17:52 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
    Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастури барканории чандини мақоми давлатиро дар бахшҳои молӣ, интизомӣ, қазоӣ ва амниятӣ содир кард.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, Ҳоким Холиқзода, ки раёсати Бонки Миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, аз ин симат барканор ва ба унвони муовини аввали нахуствазир таъйин кард.

Фирдавс Толибзода, муовини собиқи ин бонк низ дар ҳукме ба раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон мансуб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастури барканории чанд тан аз масъулон ва додраси додгоҳҳои умумӣ ва низомии шаҳри Душанбе, шаҳри Хоруғ ва вилояти Хатлонро содир кард.

Раисҷумҳур ҳамчунин ҳукми барканории Зоҳир Муъминзода, раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Шамсуддини Шоҳини вилояти Хатлонро, ки бештар ба номи Шӯробод мешиносанд, ба иттиҳоми бархӯрди физикӣ бо як неруи марзбонӣ, ки аз ҳамроҳони Муъминзода дархости ироаи мадорики ҳувиятиро карда буд, содир кард.

Эмомалт Раҳмон дар ин нишаст бар пойин будани сатҳи иҷрои қонунҳо дар ҳавзаи пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷароими созмонёфта ва фасод ишора ва ба далели афзоиши тахаллуфоту риоят накардани илзомоти қонуниву муқаррароти низомӣ, бархе руасои ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии ин кишварро барканор кард.

 

Барчасп