Июл 29, 2024 19:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Русия

Ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии вилояти Суғд бо ширкатҳои санъотии Русия тақвият меёбад.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, масаълаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии вилояти Суғди Тоҷикистон бо ширкатҳои санъотии Русия дар дидори раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати «БТК Групп»-и Федератсияи Русия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Талабот ба маҳсулоти онҳо дар Русия зиёд мешавад, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар заминаи корхонаи «Зиннат» корхонаи дӯзандагӣ ташкил карда шавад.

Ба маблағи 265 миллион рубли русӣ таҷҳизоти зарурӣ ва мошинаҳои дарздӯзӣ ворид карда шуданд. Корхонаи нав метавонад дар марҳилаи аввал 350 дӯзандаро ба кор қабул намояд.

Бояд гуфт, ки ширкати «БТК Групп»-и Федератсияи Русия дар ноҳияи Спитамен ба кишту парвариши пахта, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва либосҳои махсус машғул буда, тибқи фармоиш маҳсулотро ба Русия содирот менамояд.

 

Барчасп