Август 04, 2024 14:31 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон: Раванди тағйири номи шаҳрҳо ба форсӣ идома меёбад

Давлати Тоҷикистон эълом кард, раванди тағйири номҳои русӣ, туркӣ, ӯзбакӣ ва қирқизии шаҳрҳо ва манотиқи мухталифи ин кишвар, ки дар даврони Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар назар гирифта шуда буд, ба забони форсӣ идома меёбад.

Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, асомии беш аз 174 минтақаи маскунӣ, ки решаи тоҷикӣ ё форсӣ надорад, тағйир карда ва асомии беш аз 300 минтақаи дигар низ тағйир хоҳад кард.

Ба гузориши Азия Плюс, вай бо баёни инки чаҳор ҳазору 833 ном (шомили чаҳор ҳазору 31 минтақаи ҷуғрофиёӣ ва 802 маҳалли маскунӣ) тағйир мекунад, афзуд, коргуруҳи муносибе барои тағйири асомии ҳафт ҳазору 682 минтақаи ҷуғрофиёӣ ва чаҳор ҳазору 911 минтақаи маскунӣ дар назар гирифта шудааст.

 

Барчасп