Август 06, 2024 11:34 Asia/Dushanbe
  • Дархости роҳандозии хутути тавлиди ақломи имдодӣ дар Тоҷикистон

Бо ҳузури ду нафар аз мудирони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ширкати саноатии Нассоҷии ҳилоли Эрон; мавзӯи густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва эҷоди бозори фуруш ва хутути тавлиди ақломи имдодӣ дар ин кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шӯҳрат Сангов, сардори шӯъбаи мудирияти офатҳо ва Зокирҷон Намозов, мудир ва дабири иҷрои шуъбаи Душанбе бо ҳузур дар ширкати саноати Нассоҷии ҳилоли Эрон, зимни боздид аз хутути тавлиду намоишгоҳи маҳсӯлот, дар нишасте бо ҳузури мудирони ширкат дар хусӯси роҳкорҳои ҳамкории дуҷониба ба баҳсу табодули назар пардохтанд.

Дар ибтидои ин нишаст, Амириддин Рӯҳнавоз, мудир омили Ширкати нассоҷии ҳилоли Эрон зимни баёни таърихча ва қидмати болои ин ширкат, ба ташреҳи зарфиятҳо ва тавонмандиҳои маҷмӯъа ҷиҳати тавлиди ақломи имдодии мутобиқ бо шароити иқлимӣ ва ҷуғрофиёии гӯногӯн пардохт ва аз омодагии ин ширкат ҷиҳати табодул ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гуфт.

Дар ин нишаст қарор шуд бо эҷоди ҳамоҳангиҳои лозим дар сутӯҳи мудириятии ҷамъиятҳои Ҳилоли аҳмари ду кишвар, замина барои афзоиши таомулоти дутарафа муҳайё шаваду ҳамкориҳои тиҷорӣ ва эҷоди хутути тавлид аз сӯи Ширкати нассоҷии Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Тоҷикистон тавсеа ва густариш ёбад.