Кумаки дубаробарии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба занони соҳибкори ин кишвар
(last modified Tue, 06 Aug 2024 07:04:54 GMT )
Август 06, 2024 12:04 Asia/Dushanbe
  • Кумаки дубаробарии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба занони соҳибкори ин кишвар

Маҷмӯи кумакҳои молии раёсатҷумҳурӣ ба занони соҳибкор ду баробар шуд.

Агар то соли 2023 маблағи грантҳои президентӣ 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медод, соли 2024 ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ази Плюс,  як мақоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 5 август ба хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки маҷмӯи кумакҳои молии раёсатҷумҳурӣ ба занони соҳибкор дар соли ҷорӣ ду баробар шуда ва ба 5 миллион сомонӣ расидааст.

Заррина Абдулмаинзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, «Имсол 396 зани соҳибкор барои дарёфти гранти президентӣ лоиҳа пешниҳод кард, ки 120 лоиҳаи мақсаднок дастгирӣ ёфта, ҳоло мавриди баррасии комиссияи грантӣ қарор дорад».