Январ 12, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Тақсими қудрати сиёсӣ дар Қазоқистон

Дафтари раёсатҷумҳурии Қазоқистон аз ташкили гурӯҳи корие ба дастури Нурсултон Назарбоев бо ҳадафи тақсими қудрати сиёсӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон бо таъсиси ин гурӯҳи корӣ қасд дорад, қудратро байни раисҷумҳур, парлумон ва ҳукумати ин кишвар тақсим намояд.

Гурӯҳи кории тақсими қудрат дар Қазоқистон шомили намояндагони парлумон, ҳукумат, Додгоҳи олӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҳамчунин намояндагони ҳуқуқии ин кишвар аст ва раёсати онро Одилбек Жексибеков, раиси идораи раёсатҷумҳурӣ ва шаҳрдори пешини Остона ба уҳда дорад.

Раисҷумҳури Қазоқистон ба тозагӣ дар бораи тақсими муҷаддади қудрати сиёсӣ байни раисҷумҳур, парлумон, ҳукумат ва зарурати тағйирот дар Қонуни Асосии ин кишвар изҳори назар карда гуфтааст, Қазоқистон зимни тақсими қудрат бо ҳамон сохтори раёсатҷумҳурӣ, ки дар Қонуни Асосии ин кишвар зикр шудааст, боқӣ хоҳад монд. Раисҷумҳури Қазоқистон моҳи ноябри соли 2016 низ эълом карда буд, Қонуни Асосӣ иҷоза медиҳад, ӯ дар интихоботи баъдии раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад, ки албатта, ин ҳузур ба ҳимояти мардуму саломатияш муртабит аст.

 

Барчасп