Фардо дар Душанбе намоиш ва фуруши китоб баргузор мешавад
(last modified Tue, 03 Sep 2024 16:55:50 GMT )
Сентябр 03, 2024 21:55 Asia/Dushanbe
  • Фардо дар Душанбе намоиш ва фуруши китоб баргузор мешавад
    Фардо дар Душанбе намоиш ва фуруши китоб баргузор мешавад

Фардо 4 сентябр ба муносибати рӯзи китоб дар майдони интишороти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистони намоиш ва фуруши китоб баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар дар ин намоиш ва фуруши китоб интишороти зери назари Вазорати фарҳанг ва дигар интишорот , китобҳои тозаи мунташир шуда худро арза мекунанд .

Ҳамчунин , хонандагону харидорони китоб ин имконро доранд ки дар китобе ки мехаранд , имзои нависандагони китобро дошта бошанд ва метавонанд аз наздик бо шоирон ва нависандагони машҳури тоҷик ошно ва бо онҳо гуфтугу кунанд .

Ин дар ҳоле аст ки дар таърихи 4 сентябри соли 2007  Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба аҳамият ва эҳтиром ба китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ, аввалин хишти китобхонаи миллии Тоҷикистонро гузоштанд ва 4 сентябрро ба унвони рӯзи китоб дар кишвар эълом шуд.