Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i117026-Дидори_Сироҷиддин_Муҳриддин_бо_муовини_дабири_кулли_Созмони_Ҳамкории_Исломӣ
Сироҷиддини Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дидору гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 13, 2024 20:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Исломӣ
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Исломӣ

Сироҷиддини Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр бо Тариқ Алӣ Бахит, муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дар умури башардӯстона, фарҳангиву иҷтимоӣ ва ҳамчунин фиристодаи вижаи ин созмон дар умури Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, дар ин дидор тарафайн дар мавриди масоили мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Созмони Ҳамкории Исломӣ ва ҳамчунин чашмандози иҷрои иқдоми муштарак баҳсу табодули назар карданд.

Ёдовар мешавем, конфронси байналмилалии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Исломӣ бо номи “Нақши донишмандону уламои тоҷик дар шаклгирии фарҳангу тамаддуни исломӣ” дар таърихи 12 то 13 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.