Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш – дабири кулли СММ
(last modified Tue, 24 Sep 2024 10:35:36 GMT )
Сентябр 24, 2024 15:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш
    Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23 сентябр бо Антонио Гуттерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, дар ин дидор масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки мо аз нақши ин созмон дар иҷрои барномаҳои муҳими сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қадрдонӣ мекунем.

Тарафайн вазъияти печида ва ба суръат дар ҳоли тағйири ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молӣ, фақру ноамнии ғизоиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданду иқдомоти муштараки ҷомеаи ҷаҳониро дар ин заминаҳо зарурӣ донистанд.

Тавваҷуҳи бештар ба масоили тағйири иқлим, камбуди оби ошомиданӣ, об шудани пиряхҳо, тахриби танаввуи зистӣ ва вазъияти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор, иҷрои дастури кори 2030 ва натоиҷи иҷлоси баъдӣ, аз дигар мавориди мавриди баҳси ду тараф буд.

Мавзуоти омодасозии Конфронси байналмилалии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ дар соли 2025 ва конфронси баъдии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди масоили об дар соли 2028, ки ҳар ду дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, аз мавзуоти муҳими гуфтугӯ буданд.