Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мудираи Бонки тавсеаи Осиё
(last modified Sat, 05 Oct 2024 07:35:58 GMT )
Октябр 05, 2024 12:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мудираи Бонки тавсеаи Осиё

Эмомалӣ Раҳмон,раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати мудираи Бонки тавсеаи Осиё дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар , дар ин дидор вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки тавсеаи Осиё мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

 Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфт, идомаи ҳимояти ислоҳоти иқтисодӣ, таъмини молии тавсеаи бахши энергӣ ва тазмини амнияти ғизоӣ , намунаҳое аз ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи Осиё аст.

 Ду тараф ҳамчунин дар бораи тақвияти иқтисоди Тоҷикистон дар баробари таҳдидот ва хатарот ва ҳамчунин ҷазби сармояҳои бештар аз сӯи сармоягузорон дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баҳсу гуфтугӯ карданд.

 Тарафҳо ҳамчунин тавсеаи пойдори омӯзишӣ, беҳдоштӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, бумшиносӣ, тавсеаи гардишгарӣ ва низ шаклгирии иқтисоди сабз ва идомаи рақамӣ шуданро авлавияти Тоҷикистон барои сармоягузорӣ донистанд.