Октябр 08, 2024 15:23 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вазирони хориҷаи ИДМ
    Нишасти вазирони хориҷаи ИДМ

Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Маскав баргузор шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 7 октябр дар шаҳри Маскав дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кард.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вузарои умури хориҷа дар мавриди мавзӯоти муҳими дастури кори байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар дохили иттиҳоди кишварҳои ИДМ табодули назар карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин дар мавриди ҳимояти Тоҷикистон аз анҷоми иқдомоти пешгирона дар чорчӯби кишварҳои ИДМ барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ суҳбат ва аз кишварҳои узви иттиҳодия даъват кард, ки дар конфронси байналмилалии баъдӣ, ки аз сӯи Тоҷикистон ба ҳамроҳи Созмони Милали Муттаҳид ва давлати Кувайт дар қолаби “Раванди Душанбе барои мубориза бо терроризм” дар шаҳри Алкувайт дар авоили моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, ширкат кунанд.

 

Барчасп