Истиқболи расмии раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз оқои Қолибоф
(last modified Thu, 10 Oct 2024 06:48:36 GMT )
Октябр 10, 2024 11:48 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расмии раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз оқои Қолибоф
    Истиқболи расмии раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз оқои Қолибоф

Раиси маҷлиси шурои исломӣ мавриди истиқболи расмии Муҳаммадтоҳири Зокирзода раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарор гирифт.

Ба гузорши хабаргузории Садо ва Симо; Муҳаммадбоқири Қалибоф, раиси маҷлиси шурои исломӣ ва ҳамроҳаш субҳи имруз дар идомаи сафари кории худ ба Тоҷикистон дар маҳалсарои ҳукумати Душанбе мавриди истиқболи расмии Муҳаммдтоҳири Зокирзода раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарор гирифтанд.

Мулоқот ва гуфтугӯҳои дуҷониба бо раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, тибқи барномарезии кории оқои Қолибоф дар рузи ҷорӣ аст.

Гуфтани аст; Муҳаммадбоқир Қолибоф асри рузи гузашта дар сарварии ҳайати парлумони ба Тоҷикистон сафар карда аст.

Ин сафар ба даъвати мақомоти тоҷикистонӣ буда ва қарор аст раиси маҷлиси шурои исломӣ дар конфронси сивумин солгарди қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карда ва дар ин маросим суханрони кунад.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар таҳкими равобити парлумони ва осонии иртиқои равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ байни ду кишвар дунбол мешавад.